Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 моҳи сентябр дар Душанбе бо тимҳои миллии Испания ва Нидерланд ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Футзалбозони мо 5 сентябр бо тими миллии Испания ва 8 сентябр бо мунтахаби Нидерланд рақобат мекунанд. Ҳамчунин рӯзи 7 сентябр дар Душанбе вохӯрии дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд баргузор мешавад. Ҳар се бозии дӯстона дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе сурат мегиранд.
Бояд гуфт, тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «Е» ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо яккачинҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд.
🤝 Бозиҳои дӯстонаи дастаҳои миллии футзал
📅 5 сентябр | Панҷшанбе
⌚️ Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇪🇸 Испания
🏟 Душанбе, Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»
📅 7 сентябр | шанбе
⌚️ Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад
🇪🇸 Испания – 🇳🇱 Нидерланд
🏟 Душанбе, Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»
📅 8 сентябр | Якшанбе
⌚️ Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇳🇱 Нидерланд
🏟 Душанбе, Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»