Системаи VAR аз нимаи дуюми чемпионати Точикистон-2023 ҷорӣ мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Системаи VAR аз нимаи дуюми чемпионати Точикистон-2023 ҷорӣ мешавад

Дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ системаи кӯмакдовар (VAR) ҷорӣ мешавад.

Ҷорисозии низоми VAR, ки мебоист аз бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оғоз мешуд, ба далели таъхир дар интиқоли таҷҳизот ба таъхир афтод. Истеҳсолкунандаи таҷҳизот барои Тоҷикистон Slomo.tv аст, ки дорои литсензияи ФИФА мебошад.

Таҷҳизоти зарурӣ аллакай харидорӣ шудааст, аммо аз ҷониби таъминкунандагон ба таъхир гузошта шуда истодааст. Вақти пешбинишудаи ворид шудани таҷҳизоти системаи кӯмакдовар аввали моҳи май мебошад. Ба далели он ки Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол санҷиши амалии доваронро дар мавриди истифодаи системаи кӯмакдовар анҷом надодааст тибқи талаботи ФИФА, истифодаи системаи VAR то нимаи дуюми чемпионат дар Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд.

Назари худро бинависед