Беҳтарин нишонзани ду соли охири чемпионати Тоҷикистон, ҳамлагари “Истиқлол” Шериддин Бобоев муаллифи яке аз ду голи дастаи худ дар бозии даври дуюми чемпионати имсола муқобили КМВА (2:0) шуд.
Баъд аз задани гол ба дарвозаи дастаи КМВА Шериддин футболии бозикунии худро аз тан берун кашид, ки дар зерпӯши футболии ӯ навиштаҷоти: «We are one. Health and peace to the world. With love, from Tajikistan» («Мо – якҷоем. Саломатӣ ба тамоми ҷаҳон. Бо муҳаббат аз Тоҷикистон») ҳаккокӣ шуда буд.
Барои ин амал, яъне берун кашидани либоси бозикунӣ Бобоев бо корти зард огоҳонида шуд, аммо хабари дастгирии Шериддин, воқеан бебаҳо аст.