Дар Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор ҷаласаи васеи Шӯрои Кумитаи техникии ФФТ баргузор гардид. Дар ҷаласа баромади клубҳои Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО таҳлил карда шуд.
Дар ҷаласаи васеи Шӯрои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров, сармураббиёни бошгоҳҳои лигаи олӣ ва инчунин дигар мутахассисон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи сармураббии «Истиқлол» Виталий Левченко шунида шуд. Мавсуф дар бораи омодагии дастааш ба мавсим ва баромади он дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 ба ҳозирин гузориш дод. Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб карда, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.
Сармураббии “Хуҷанд” Рустам Ҳоҷаев ва сармураббии “Равшан” Ғайраталӣ Мираҳмадов, ки дастаҳояшон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 ширкат варзиданд, низ дар бораи корҳои анҷомдодаи худ ҳисобот доданд.
Мулоқот дар фазои созанда, дар шакли муколамаи кушод баргузор гардид. Иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд ва андешаҳои худро низ иброз намуданд.