Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 36-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар Ванкувер баргузор шуд, иштирок кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар Конгресс ноибони президент Алишер Урунов ва Искандар Ҷалилов, инчунин котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд.
Дар ин чорабинӣ президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа оғози давраи нави сармоягузории рекордӣ ба ассотсиатсияҳои миллӣ ва минтақавӣ, инчунин бошгоҳҳои Конфедератсияро қайд кард. Ӯ зикр намуд, ки ин бо ислоҳоти ҳамаҷониба дар соҳаи идоракунӣ ва шаффофияти молиявӣ, ки дар ҳисоботи молиявии соли 2025 ва буҷетҳои солҳои 2027-2028, ки аз ҷониби Конгресси КФО тасдиқ шудаанд, имконпазир гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш Ҷоми Осиё-2027, ки моҳҳои январ-феврал дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, баррасӣ шуд.
Ҳисоботҳои молиявӣ ва аудитии КФО барои соли 2025 низ ба рӯзномаи Конгресс дохил ва тасдиқ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин дар Конгресси ФИФА, ки дар Ванкувер доир мегардад, иштирок хоҳад кард.