Президентҳои ФИФА ва КФО президенти ФФТ Рустам Эмомалиро ба муносибати рӯзи таваллуд табрик гуфтанд – Федерация Футбола Таджикистана

Президентҳои ФИФА ва КФО президенти ФФТ Рустам Эмомалиро ба муносибати рӯзи таваллуд табрик гуфтанд

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ба муносибати зодрӯзи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ номаи шодбошӣ ирсол намуданд.

Дар номаи табрикии раиси ФИФА Ҷанни Инфантино гуфта мешавад: «Муҳтарам президент, Рустами гиромӣ, ман мехоҳам ба шумо дар ин рӯзи фархунда таманниёти беҳтарини худро баён кунам. Чун имрӯз ҷашн доред, ин фурсати хубест, то ҳамкориҳои якҷояро ба ёд оварда, барои тамоми корҳо ва саҳми шумо дар рушди варзише, ки ҳамаи моро муттаҳид мекунад, ташаккур гӯем. Ба шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва муваффақият орзумандам».

Дар номаи раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа гуфта шудааст: «Муҳтарам президент, хеле хушҳолам, ки ба муносибати зодрӯзатон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба шумо мерасонам. Иҷозат диҳед, аз номи КФО ва оилаи футболи Осиё барои саъю кӯшишҳои зиёдатон дар таҳкими асосҳои рушди футбол ҳам дар кишвари шумо ва ҳам дар қитъаи мо изҳори миннатдорӣ намоям. Ба шумо дар соли меомада саломатии бардавом ва дар тамоми корҳои шахсӣ ва касбӣ муваффақиятҳои беназир таманно дорам».

Назари худро бинависед