Петр Сегрт: «Мусобиқаи «King’s Cup 2022» марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Мусобиқаи «King’s Cup 2022» марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аст»

Дар остонаи оғози 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт гуфт, дастааш ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз рӯйи омодагӣ мегирад.

 

Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон: 

– Мо роҳи тӯлонӣ ва хастакунандаеро тай карда, ба Чиангмай омадем, вале бачаҳо тадриҷан ба иқлими маҳал мутобиқ мешаванд. Мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтазам омодагӣ мебинем. Ҳоло на ҳама бозигарон ба сафи тими миллӣ пайвастаанд, мо пагоҳ дар ҳайати пурра ҷамъ мешавем. Бо сабабҳои гуногун бозигарони калидӣ – Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов ва Парвизҷон Умарбоев ба Тайланд омада натавонистанд. Нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе дирӯз издивоҷ кард ва танҳо дар рӯзи бозӣ бо Тринидад ва Тобаго мерасад. Ҳамаи дастаҳоеро, ки дар мусобика иштирок мекунанд, омӯхтем. Тринидад ва Тобаго, тибқи рейтинги ФИФА қавитарин тими ин мусобиқа маҳсуб мешавад. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем. Амадонӣ Камолов, ки дар Испания ҳунарнамоӣ мекунад, бори нахуст ба тими миллӣ даъват шуд. Ӯ дар ҳайати мунтахаби ҷавонон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё бозии хуб нишон дод. Умуман, 7-8 нафар бозигарони тими ҷавононро зери назорат гирифтаем, ки тадриҷан онҳоро хоҳем санҷид. Хеле шодам, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тавонист ба финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёбад ва барои ин дастовард онҳоро табрик мегӯям.

 

Аҳтам Назаров, капитани тими миллии Тоҷикистон: 

– «King’s Cup 2022» мусобиқаи бонуфуз аст. Ҳарифи мо Тринидад ва Тобаго дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2006 ширкат карда буд. Тайланд ва Малайзия мисли мо соли оянда дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё бозӣ хоҳанд кард. Дар Тайланд ду бозӣ бояд доир кунем. Боварӣ дорам, ки рақобатҳо хеле манфиатовар хоҳанд шуд.

Назари худро бинависед