Петр Сегрт: «Мусобиқаи «CAFA Nations Cup» марҳилаи муҳими омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2023 аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Мусобиқаи «CAFA Nations Cup» марҳилаи муҳими омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2023 аст»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти хабарии қабл аз оғози мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ширкат кард. Дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) мебошанд. Бозиҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мегарданд.

 

Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон: 

– Пеш аз ҳама ба мардуми Ӯзбекистон барои пазироии самимона миннатдорӣ баён менамоям. Мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» барои дастаи мо ва шахсан барои ман хеле муҳим аст. Замони сармураббии дастаҳои Афғонистон ва Молдив буданам ду маротиба дар чемпионати минтақавӣ – Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ ширкат кардаам. Бо дастаи Малдив соли 2018 ман Ҷоми SAFF-ро ба даст овардам. Ҳафт сол пеш ба ҳайси сармураббии тими миллии Афғонистон кор мекардам ва бо он ба финали Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ роҳ ёфтам. Вақте ки ман дар тими миллии Афғонистон кор мекардам, таҳти сарпарастии CAFA барои дастаҳои миллӣ ягон мусобиқае набуд.

Мо бояд футболро на танҳо дар майдон, балки берун аз он ҳам инкишоф диҳем. Фикр мекунам, ки пас аз чанд сол «CAFA Nations Cup» ба яке аз беҳтарин мусобиқаҳои Осиё табдил хоҳад ёфт. Ҳама рақибон дар ин мусобиқа қавӣ ҳастанд. Мо ҳамаи онҳоро эҳтиром мекунем.

Аз фурсат истифода бурда, ба бошгоҳҳои футболи Ӯзбекистон, ки дар он футболбозони тими миллии мо бозӣ мекунанд, изҳори сипос мекунам, ки бозигаронро ҷавоб доданд, ҳарчанд рӯзҳои ФИФА аз 12 июн оғоз мешаванд. 

– Бозигарони аз хориҷа омада дар кадом ҳолат қарор доранд?

– Парвизҷон Умарбоев субҳи имрӯз ба ҳайати мунтахаби кишвар шомил шуд. Чанде аз футболбозони мо пас аз бозӣ кардан дар дастаҳои худ марҳила ба марҳила ба даста ҳамроҳ шуданд.

Бозигарони мо бори аввал дар таърихи футболи тоҷик якбора дар 10 кишвари гуногун ҳунарнамоӣ мекунанд. Ин натиҷаи хуб аст. Мо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бомуваффақият баромад карда, дар мусобиқаи «King’s Cup-2022» дар Таиланд ғолиб омадем ва бо тими Русия бозии хуби дӯстона анҷом додем. Бозигарони мо Ваҳдат Ҳанонов ва Хусрав Тоиров қаҳрамонони Эрон ва Украина шуданд. Парвизҷон Умарбоев бо бошгоҳи худ ССКА-1948 дар чемпионати Булғористон медали биринҷӣ ба даст оварда, дар мусобиқоти аврупоӣ ширкат хоҳад кард.

Мо бояд дар «CAFA Nations Cup-2023» хуб баромад кунем, зеро соли оянда дар Ҷоми Осиё бо дастаҳои пурқуввате ба мисли Қатар, Чин ва Лубнон бозӣ хоҳем кард. 

Медонед, субҳи имрӯз бо намояндагони тими миллии Туркманистон, ки бо мо дар як меҳмонхона қарор доранд, вохӯрда, бо онҳо суҳбати дӯстона доштем. Халқҳои бародар ҳастем, аммо фардо инро фаромӯш карда, 90 дақиқа рақиб мешавем. Сармураббии тими миллии Уммон Бранко Иванковичро хуб мешиносам. Сармураббии тими миллии Ӯзбекистон Сречко Катанетсро низ мешиносам ва эҳтиром мекунам. Аммо дар вохӯриҳои оянда мо дар майдон рақиб хоҳем буд.

 

Аҳтам Назаров, сарвони тими миллии Тоҷикистон: 

– Фикр мекунам, мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» ҷолиб хоҳад буд. Мо бори аввал аст, ки дар чунин мусобиқа иштирок мекунем. Ҳама рақибон қавӣ ҳастанд.

Назари худро бинависед