Дар мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 солаи Тоҷикистон, ки бо иштироки даҳ даста ҷараён дорад, бозиҳои даври навбатӣ баргузор шуданд.
Дар минтақаи “Шимол” дастаи “Пахтакор-Ҷавонӣ” аз ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов ва дар минтақаи “Ҷануб” дастаи “Бешкент” аз ноҳияи Носири Хисрав пешсафони ҷадвали мусобиқа мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи аввал мусобиқа дар ду минтақа –“Шимол” ва “Ҷануб” баргузор шуда, аз ҳар минтақа ду дастаи мақомҳои аввалу дуюм ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа моҳи ноябр дар вилояти Суғд баргузор мешавад.
Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 солаи Тоҷикистон
Минтақаи «Шимол». Даври 6-ум
«Навбаҳор» – «Пахтакор-Ҷавонӣ» – 1:1
«Конибодом» – «Спитамен» – 0:3
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | «Пахтакор-Ҷавонӣ» (н.Ҷаббор Расулов) | 5 | 4 | 1 | 0 | 27-1 | 13 |
2 | «Навбаҳор» (Мастчоҳ) | 5 | 3 | 1 | 1 | 15-4 | 10 |
3 | «Спитамен» (Спитамен) | 5 | 2 | 1 | 2 | 14-14 | 7 |
4 | «Ободӣ» (Шаҳристон) | 4 | 1 | 1 | 2 | 5-12 | 4 |
5 | «Канибодом» (Конибодом) | 5 | 0 | 0 | 5 | 0-31 | 0 |
Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева («Пахтакор-Ҷавонӣ») – 17 гол, Саида Соатилоева («Навбаҳор») – 7 гол, Шоҳсанам Ҳоҷиматова, Оиша Бутаева (ҳарду аз «Пахтакор-Ҷавонӣ») – 4 голӣ.
Минтақаи «Ҷануб». Даври 6-ум
«Зебонисо» – «Бешкент» – 0:10
«Дурахшон» – «Панҷшер» – 0:15
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 5 | 5 | 0 | 0 | 34-0 | 15 |
2 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 5 | 4 | 0 | 1 | 32-1 | 12 |
3 | «Чашма» (Шаҳритус) | 4 | 2 | 0 | 2 | 12-11 | 6 |
4 | «Зебонисо» (Душанбе) | 5 | 1 | 0 | 4 | 9-14 | 3 |
5 | «Дурахшон» (Кӯшониён) | 5 | 0 | 0 | 5 | 0-61 | 0 |
Нишонзанҳо: Малика Қаюмова («Чашма»/«Панҷшер») – 12 гол, Гулҷамол Элмуродова («Бешкент») – 11 гол, Умеда Ҷалилова («Чашма»/«Панҷшер») – 8 гол, Гузал Юсупова, Гулсанам Тангирова (ҳарду аз «Бешкент»), Дилдора Имомалиева («Панҷшер») – 7 голӣ.