«Ориёнбанк» ғолиби мутлақи силсилаи «А»-и футзал шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Ориёнбанк» ғолиби мутлақи силсилаи «А»-и футзал шуд

Қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои ҳаваскор – серияи “А” ба охир расид. Дастаи «Ориёнбонк» -и Душанбе ғолиби мутлақи чемпионат гардид. Дар қисми ниҳоии чемпионати футзали кишвар байни дастаҳои ҳаваскор чор даста аз минтақаҳои Душанбе ва Суғд, ки ҷуфтҳои нимфиналиро ташкил доданд, ширкат варзиданд. Дар даври 1/2 ниҳоӣ, дастаи “Иттифоқ”-и Душанбе дастаи “Сипар”-2-и Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 ва “Ориёнбонк” бар “Вавилон” бо ҳисоби калони 5:0 пирӯз шуданд.

Дар бозии ниҳоӣ ду намояндаи Душанбе – “Ориёнбонк” ва “Иттифоқ” бо ҳам рақобат карданд.  Бозии бо ҳисоби 4 бар 2 бо пирӯзии иродавии дастаи Ориёнбонк анҷом ёфт. Се голи бонкдоронро Ибодулло Назиров ва як голи дигарро Раҳматулло Раҳматуллоев ба самар расонданд.

Ҳамин тариқ, футзалбозони “Ориёнбонк” ғолибони мутлақи чемпионати футзали Тоҷикистон байни дастаҳои ҳаваскори силсилаи “А” гардиданд.

Пас аз ба охир расидани бозии ниҳоӣ маросими фахрии мукофотонии ғолибон доир шуд. Ҷоми ғолиби мутлақи силсилаи “А”-и футзали мавсими 2020-ро ба футзалбозони дастаи  “Ориёнбонк” рощбари департаменти футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев супурд. Беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ Самад Шарифов аз дастаи “Ориёнбонк” дониста шуд.

Назари худро бинависед