Дар маҷмааи варзишии “Динамо”-и пойтахт 29-умин мусобиқаи анъанавии зимистонаи футзал бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ бозигари “Вахш”, “Ирригатор” ва “Помир” Александр Кирсанов ба анҷом расид.
Мусобиқа дар байни ҳаваскорон, инчунин дар ду дараҷаи синну солӣ дар байни собиқадорон гузаронида шуд. Дар бозии ниҳоӣ дар байни ҳаваскорон дастаҳои “Соро Компания-2” ва “Динамо” вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 2:2 хотима ёфт ва дар силсилазарбаҳои пеналти муваффақият ҷониби футзалистони “Соро Компания” шуд ва онҳо бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Дар мусобиқаҳо байни собиқадорони 40-сола ва калонтар футзалбозони дастаи Дастгоҳи марказии ВКД ҶТ дастаи “Испечак”-ро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард.
Дар мусобиқа байни собиқадорони 55-сола ва калонтар бошад дастаи Боғи марказии фарҳанг ва фароғат дастаи “Динамо”-ро бо ҳисоби 5:3 шикаст дод.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев, роҳбари шӯъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев, директори иншооти варзишӣ ва мактабҳои варзишии Душанбе Раҳматшо Камолов, раиси Кумитаи интизоми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Ориф Ҷӯраев, муовини раиси ФФД Субҳон Хоҷамов ширкат намуда, ғолибону ҷоизадоронро бо Ҷому медалҳо ва ифтихорномаву дипломҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд. Кумитаи тадорукоти мусобиқа ба беҳтарин бозигарон диплом ва тӯбҳои футбол тақдим намуд.