Имрӯз, 4-уми май, дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ ва интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рух дода, баррасӣ шуданд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар задани барқасдона ба рӯй ё дигар узвҳои бадани рақиб ифода ёфтааст, дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» (1 май), бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ» Шуҳрат Элмуродов аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19 Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гуфтани сухани қабеҳ нисбат ба сардовар ифода ёфтааст, дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум миёни бошгоҳҳои «Куктош» – «Сарҳадчӣ» (30 апрел), бозигари дастаи «Кӯктош» Холмурод Назаров аз 3 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима карда шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 16 Кодекси интизомии ФФТ, ҳангоми гирифтани корти сурх ба хотири маҳрум кардани ҳариф аз имкони голзанӣ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум миёни дастаҳои «Саройкамар» – «Динамо» (30 апрел), бозигари тими «Динамо» Содиқ Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар як бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 125 сомонӣ ҷарима карда шуд.
Илова бар ин, дар ҷаласаи Кумитаи назоратӣ ва интизомии ФФТ ба дастаҳои «Равшан» (Зафаробод), «Истаравшан» ва «Ваҳдат» барои нақзи муқаррароти мусобиқа огоҳӣ дода шуд.