Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 6-уми сентябр дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футзали кишвар баррасӣ шуданд. 

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (24 август), тими «Равшан» (Кӯлоб) барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки дар назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудааст, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни тимҳои «Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб) (28 август), маъмури дастаи «Равшан» (Кӯлоб) Ширин Наимов барои дашном додани ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Саройкамар» – «Хатлон» (28 август), ба бошгоҳи «Саройкамар» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ огоҳӣ дода шуд. 

– Барои нақзи моддаи 7 банди 28.1.2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Саройкамар» – «Хатлон» (28 август), бозигари дастаи «Саройкамар» Маҳмадрасул Одинаев барои рафтори дағалона аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5, банди 4 (а)-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал «Душанбе» – «Ваҳдат» (26 август), тими «Ваҳдат» барои дер ҳозир шудан ба вохӯрӣ ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – КМВА (3 сентябр), тими «Равшан» (Кӯлоб) барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Саройкамар» – «Куктош» (3 сентябр), бинобар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ (партофтани ашёи бегона аз ҷониби мухлисон) варзишгоҳи хонагии дастаи «Саройкамар» аз мизбонии як вохӯрӣ маҳрум карда шуд. Бозии навбатии хонагиро тибқи тақвим «Саройкамар» вазифадор аст, дар варзишгоҳи бетараф, ки ба меъёрҳои ЛФТ барои дастаҳои лигаи аввал ҷавобгӯ бошад, доир кунад. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал «Моҳир» – «Душанбе» (3 сентябр), бозигари дастаи «Душанбе» Суҳроб Нурбоев барои барқасдона задани рақиб аз 3 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5, банди 4 (а)-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал «Ваҳдат» – «Гулистон» (4 сентябр), дастаи «Гулистон» барои дер ҳозир шудан ба вохӯрӣ ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 1.8-и Кодекси интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон пас аз бозии дастаҳои КМВА – «Истаравшан» (20 август), бозигари тими КМВА Акмал Алиназаров барои иҷрои амалҳои ҷисмонӣ нисбат ба довар аз 5 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Назари худро бинависед