Намояндагони Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2025 байни дастаҳои занона, ки аз 6 то 17 май дар Чин баргузор мешавад, кор хоҳанд кард.
Роҳбари раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев ба ҳайси фитнесс-инструктори доварон фаъолият мекунад. Мутахассиси раёсати техникии ФФТ Наталя Сотникова ба ҳайати кумитаи тадорукоти мусобиқот шомил шуд ва духтури тими занонаи Тоҷикистон Гуландом Халилова корманди тиббии мусобиқа таъйин гардид. Илова бар ин, довари ФИФА Сӯҳроб Сатторов ба рӯйхати доварони эҳтиётии чемпионат шомил шуд.