Намояндагони ФФТ дар семинари комиссарони нави CAFA ширкат мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндагони ФФТ дар семинари комиссарони нави CAFA ширкат мекунанд

Дар Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ семинари ду рӯза оид ба ташкили бозиҳо барои комиссарони нави CAFA оғоз шуд.

Давоми ду рӯз яке аз комиссарҳои варзидаи Конфедератсияи футболи Осиё Кемел Токабоев аз Қирғизистон, ки ҳудуди 300 бозӣ таҳти сарпарастии КФО ва ФИФА гузаронидааст, аз таҷрибаи худ ба ширкаткунандагон нақл мекунад. Ёвари Токабоев дар семинар Ҳомид Муминӣ, комиссари КФО ва ФИФА аз Эрон аст.

Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар семинар муовини сардори Раёсати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Азизҷон Достиев ва сардори раёсати баргузории мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон Бобоҷон Қаландаров намояндагӣ мекунанд. Орази Ализода, муовини сардори Раёсати байналмилалии ФФТ, ки моҳи сентябр дар семинари комиссарони нави Конфедератсияи футболи Осиё дар Дубай ширкат мекунад, ба ҳайси нозир дар семинари Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок меварзад.

Дар семинари таълимӣ нақш, фаъолият ва масъулияти комиссарони бозӣ, омодасозии майдонҳои футбол, варзишгоҳҳо, ташкили маркетинг ва ВАО, ташкили амният, ҳамкорӣ бо созмондиҳандагони бозӣ, пур кардани ҳисобот ва ҳисоботдиҳии комиссарон, муҳокимаи ҳодисаҳо ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Дар охири семинар довталабони вазифаи комиссарони нави CAFA аз рӯйи барномаи таълимии анҷомдода санҷиш месупоранд. Иштирокчиёне, ки аз имтиҳон бомуваффақият мегузаранд, ба ҳайати комиссарҳои бозиҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дохил карда мешаванд.

Назари худро бинависед