Мутахассиси 55-солаи хорват Петр Сегрт сармураббии тими миллии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Ӯ тими миллии моро ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2023 омода менамояд. Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2023 ба таври мутамарказ аз 8 то 14 июн баргузор хоҳад шуд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» баргузор шуд, як қатор масъалаҳо баррасӣ шуданд, ки яке аз онҳо тасдиқи сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.
Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт, ки муҷаввизи мураббигии “Pro”-и УЕФА-ро дорад, сарвари нави тими миллии Тоҷикистон таъин шуд.
Петр Сегрт 8 майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ карда, инчунин фаъолияти мураббигии худро низ аз он ҷо оғоз кардааст. Соли 1996 мутахассиси ҷавонро Клаус Топмёллер, ки қаблан бо ӯ дар “Валдхоф” фаъолият карда буд, ба “Бохум” даъват намуд. Баъдтар Шегрт узви ситоди мураббиёни дастаҳои “Дуйсбург” ва “Валдхоф” шуд ва сипас мустақилона бошгоҳҳои Австрияи “Леобен”, “Рид” ва “Винер Спорт-Клуб”-и Австрияро роҳбарӣ кард.
Мутахассис муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин лақаби «меъмор»-ро гирифтааст.
Соли 2006 бо даъвати Топмёллер Сегрт ба Гурҷистон кӯчид ва дар он ҷо дастаи ҷавонони ин кишварро роҳбарӣ намуд. Баъди рафтани ҳамватанаш Петр Сегрт ба ҳайси сармураббӣ дар ду бозӣ тими миллии Гурҷистонро роҳбарӣ кард. Пас аз тарк кардани Гурҷистон, Сегрт чанд сол дар бошгоҳҳои футболи “Бали Девата” ва “ПСМ Макассар”-и Индонезия кор кард. Мутахассиси хорватӣ тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ карда, бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.
Ба диққати хабарнигорон! Фардо, 28 январ, соати 11:00 дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба ҳайси сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мекунад. Мо намояндагони ВАО-ро барои инъикоси чорабинӣ даъват мекунем.