Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми «Амонатбонк» ба охир расид – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми «Амонатбонк» ба охир расид

Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми «Амонатбонк» байни кормандони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ намуданд. Сипас ҳашт даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯйи системаи олимпӣ баргузор шуданд.

Дар бозӣ барои ҷойи севум дастаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бартарӣ насиби Бонки миллӣ гардид – 4:1.

Дар финал дастаҳои «Амонатбонк» ва ташкилоти амонатии хурди «Ҳумо» рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 8:3 ба фоидаи «Амонатбонк» ба анҷом расид.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуда, ба ғолибону ҷоизадорон медалу диплом ва маблағҳои пулиро тақдим намуданд. Ғолиби мусобиқа дастаи «Амонатбонк» бо 5 ҳазор сомонӣ, барандаи медали нуқра тими «Ҳумо» бо 3 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ дастаи «Бонки миллӣ» бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Дар натиҷаи мусобиқа Муродулло Алиқулов («Амонатбонк») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Абдуқаҳҳор Ҷумъаев («Ҳумо») гардид. Холид Сабуров («Амонатбонк») беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф гардид.

Назари худро бинависед