Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 сол шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 сол шурӯъ шуд

Рӯзи шанбеи 5 сентябр мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 солаи Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Дар мусобиқа шаш даста – Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд, “Навбаҳор” (Мастчоҳ), “Зарнисор” (Вахш), “Хатлон” (Бохтар), “Ҳосилот” (Фархор) ва “Равшан” (Кӯлоб) ширкат менамоянд. Дар даври ифтитоҳии мусобиқа футболбоздухтарони Мактаби махсуси футболи вилояти Суғд бо ҳисоби калони 5 бар 0 “Ҳосилот”-и Фархорро шикаст доданд. “Зарнисор”-и Вахш дар меҳмонӣ бар “Равшан” бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуда, “Хатлон” бо ҳисоби 2 бар 0 “Навбаҳор”-и Мастчоҳро мағлуб сохт.

Мусобиқаи шурӯшуда аз рӯи системаи даврӣ сурат гирифта, ҳар даста 10 бозӣ мегузаронад ва он 7 ноябр анҷом мешавад.

Ёдрас мешавем, ки тамоми харҷҳои баргузории мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт мешаванд. Дастаҳои иштирокчӣ бо сарулибоси варзишӣ ва тӯбҳои футболбозӣ таъмин шуданд.

 

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 сола

Даври 1-ум

«Хатлон» – «Мастчоҳ» – 2:0

«Равшан» – «Зарнисор» – 0:3

ММФЧА – «Ҳосилот» – 5:0

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 ММФЧА (Суғд) 1 1 0 0 5-0 3
2 «Зарнисор» (Вахш) 1 1 0 0 3-0 3
3 «Хатлон» (Бохтар) 1 1 0 0 2-0 3
4 «Навбаҳор» (Мастчоҳ) 1 0 0 1 0-2 0
5 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 0 1 0-3 0
6 «Ҳосилот» (Фархор) 1 0 0 1 0-5 0

 

Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева (ММФЧА) – 3 гол, Муҳайминаи Гулаҳмад («Хатлон») – 2 гол.

 

Дар даври 2юм вомехӯранд:

12 сентябр (шанбе)

«Ҳосилот» – «Хатлон»

ММФЧА – «Равшан»

«Навбаҳор» – «Зарнисор»

Назари худро бинависед