Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 22 декабр раддабандии охирини тимҳои миллиро дар соли 2022 нашр кард.
Дар он тими миллии Тоҷикистон бо 1187,02 имтиёз дар ҷойи 108-ум қарор дорад. Дар байни намояндагони КФО мунтахаби мо дар зинаи 20-ум қарор дорад. Як сол пеш тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА дар зинаи 116-ум ҷойгир буд.
Дар маҷмуъ, дар як соли охир тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 бозӣ гузаронида, 5 ғалаба (Қирғизистон – 1:0, Мянмар – 4:0, Сингапур – 1:0, Тринидад ва Тобаго – 2:1, Малайзия – 0:0, аз рӯйи пеналти – 3:0) ва ду мусовӣ (Қирғизистон – 0:0, Русия – 0:0) карда, дар ду бозӣ бохтааст (Уганда – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:5, Сурия – 0:1).
Раддабандии навбатии ФИФА 6 апрели соли 2023 нашр мешавад.