Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дастгирии беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллии киш вар Манучеҳр Ҷалиловро, ки имрӯз аз Маскав пас аз курси барқароршавӣ ба Душанбе баргашт, идома медиҳад.
Бозигарон, ҳайати мураббиён ва маъмурияти яккачини Тоҷикистон ба Манучеҳр саломи гарму самимии худро расонида, ба ӯ шифои оҷилу комил таманно намуданд. Манучеҳр, дуогӯятем! Зудтар ба майдон баргардӣ! Мо бо туем!