Мунтахаби Тоҷикистон дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо яккачини Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо яккачини Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад

25 март тими миллии Тоҷикистон бозии якуми худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» анҷом медиҳад. Ҳарифи дастаи мо тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.

Даромад ба варзишгоҳ барои мухлисон ройгон аст. Ҳамаро ба варзишгоҳ даъват мекунем. Биёед якҷо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ кунем!

Назари худро бинависед