Мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади тамринии Дубай: машқҳои навбатӣ дар толори варзишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади тамринии Дубай: машқҳои навбатӣ дар толори варзишӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз рӯйи реҷаи муайян омодагӣ мебинад. Дастаи Петр Сегрт, ки дар Дубай ҷамъомади дуҳафтаинаи омӯзишӣ мегузаронад, бо навбат ҳам дар майдони футбол ва ҳам дар толори варзишӣ машқ мекунад.

Тамринҳои асосии ҷисмониро футболбозон субҳгоҳон дар толори варзишии меҳмонхонаи «Marriott Hotel Al Jaddaf» доир мекунад. Фазо дар коллектив хеле хуб аст, муносибат бо ҳамдигар мисли як оила мебошад. Бачаҳо пур аз энергия буда, дар машқҳо тамоми қувваи худро сарф мекунанд, то дар Ҷоми Осиё дар ҳоли хуби ҷисмонӣ бошанд.

Назари худро бинависед