Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бозии дӯстона анҷом медиҳад.

5 июн миллипӯшони меҳан бо яккачини Камбоҷа дар пойтахти ин кишвар шаҳри Пномпен вохӯрии дӯстона доир мекунад. Пас аз анҷоми бозии дӯстона тими миллии Тоҷикистон барои анҷоми рақобати интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин, ки 10 июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор мешавад, ба шаҳри Капаси Филиппин сафар мекунад.

Назари худро бинависед