Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) пеш аз Ҷоми Осиё-2024 дар Давҳа ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) пеш аз Ҷоми Осиё-2024 дар Давҳа ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ҳафтаи оянда дар Давҳа ҷамъомади ниҳоии тамринии пеш аз Ҷоми Осиё-2024-ро баргузор мекунад.

Марҳилаи ниҳоии омодагии мунтахаби олимпии Тоҷикистон рӯзи 3 апрел дар Қатар оғоз мешавад. Ба ҷамъомади таълимии дарпешистода 25 бозигар даъват мегардад, ки аз ин 23 нафари он ба ҳайати ниҳоӣ шомил мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Давҳа мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) нерӯ месанҷад.

Назари худро бинависед