Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Ҷоми Осиё-2022-ро бо бохт оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Ҷоми Осиё-2022-ро бо бохт оғоз кард

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бозии якуми худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон бо бохт анҷом дод.

Дастаи мо дар даври аввал дар гурӯҳи «D» аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Дар вохӯрии дигари гурӯҳ Ҷопон аз Амороти Муттаҳидаи Араб қавитар баромад – 2:1.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бозии навбатии худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон 6 июн бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб доир мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

 

Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои то 23-сола

Гурӯҳи D. Даври 1

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН – 5:0

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммадҷон Насков, Шоҳрух Сангов (Ҳусейн Нурматов, 75), Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов (Эмомалӣ Аҳмадхон, 69), Далер Ёдгоров (Сунатулло Исмоилов, 69), Умарҷон Шарипов (Сорбон Авғонов, 46), Ислом Зоиров (Шарафҷон Солеҳов, 46), Амадонӣ Камолов, Алишер Баротов, Мухаммадалӣ Азизбоев.

3 июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив». 280 тамошобин.

 

АМА – Ҷопон – 1:2

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2

6 июн (душанбе)

18:00 – Ҷопон – Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи «Пахтакор».

20:00 – ТОҶИКИСТОН – АМА. Варзишгоҳи «Локомотив».

 

Даври 3

9 июн (панҷшанбе)

18:00 – Ҷопон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Бунёдкор».

18:00 – Арабистони Саудӣ – АМА. Варзишгоҳи «Локомотив»

Назари худро бинависед