Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии якумашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Лаос доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии якумашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Лаос доир мекунад

Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» маълум шуд. Вохӯриҳо аз 6 то 12 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев нахустин бозии худро дар марҳилаи интихобӣ рӯзи 6-уми сентябр бо тими Лаос анҷом медиҳад. Дар даври дуюм 9 сентябр дастаи олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея бозӣ мекунад. Дар даври ниҳоӣ 12 сентябр тими Тоҷикистон бо мунтахаби Австралия вомехӯрад.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола 42 даста ширкат меварзад. Ғолибони 11 гурӯҳ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Гурӯҳи «I»

Даври 1

📅 6 сентябр (чоршанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇱🇦 Лаос

🇦🇺 Австралия – 🇰🇵 Кореяи Шимолӣ

 

Даври 2

📅 9 сентябр (шанбе)

🇰🇵 Кореяи Шимолӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇱🇦 Лаос – 🇦🇺 Австралия

 

Даври 3

📅 12 сентябр (сешанбе)

🇦🇺 Австралия 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇱🇦 Лаос 🇰🇵 Кореяи Шимолӣ

Назари худро бинависед