Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ рақобат менамояд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ рақобат менамояд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Ин дидор имрӯз, 14 апрел дар варзишгоҳи «Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 20:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» вохӯриро мустақиман намоиш медиҳад.

Назари худро бинависед