Мунтахаби наврасони Эрон (U-16) ғолиби чемпионати CAFA-2022 гардид. Тоҷикистон сеюм шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Эрон (U-16) ғолиби чемпионати CAFA-2022 гардид. Тоҷикистон сеюм шуд

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола ба анҷом расид. Дастаи Эрон ғолиби ин мусобиқот гардид.

Дар даври ниҳоии чемпионати CAFA-2022 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аз тими Эрон бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари ин марҳила тими миллии Ӯзбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи мусобиқот якбора ду даста – Эрон ва Ӯзбекистон 10 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аммо ба далели тафовути тӯбҳо наврасони Эрон барандаи чемпионати CAFA-2022 гардид. Ӯзбекистон медали нуқра ва мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз нишони биринҷиро соҳиб шуданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов ва котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов иштирок намуда, ғолибону ҷоизадорони чемпионатро бо медалу ҷоизаҳо қадрдонӣ намуданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Қирғизистон ва ҷоизаи махсус насиби тими Афғонистон шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозигари тими миллии Ӯзбекистон Амирбек Саидов (7 гол) дониста шуд. Ва ҷоизаи арзишмандтарин бозигари мусобиқот ба футболбози тими Эрон Ризо Гҳандипур супурда шуд.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Ӯзбекистон – Эрон – 2:2

Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

 

Даври 2

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2

Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:6

 

Даври 3

ТОҶИКИСТОН Афғонистон 0:0

Эрон Қирғизистон 2:0

 

Даври 4

Ӯзбекистон ТОҶИКИСТОН 2:0

Эрон Афғонистон 1:0

 

Даври 5

ТОҶИКИСТОН Эрон 0:7

Кирғизистон Ӯзбекистон 2:3

Назари худро бинависед