Мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 доир кард.

Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи «Е» бо қаҳрамони Африқо – мунтахаби Марокаш вохӯрд. Вохӯрӣ маҷрои шадид касб карда, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо қаҳрамони феълии ҷаҳон – яккачини Португалия, ки дар  даври якум бар тими Панама бо ҳисоби 10:1 пирӯз шуд, рақобат мекунад

Назари худро бинависед