Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дуюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 анҷом дод.
Футзалбозони мо дар даври дуюм бо қаҳрамони феълии ҷаҳон – яккачини Португалия вохӯрданд. Вохӯрӣ ҷолибу диданӣ ҷараён гирифта, бо ғалабаи Португалия – 3:2 ба анҷом расид. Голҳои дастаи моро Комрон Алиев ва Бахтиёр Солиев заданд.
Бо вуҷуди шикасти имрӯза, мунтахаби Тоҷикистон имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорад. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 ба тими мо лозим аст, ки рӯзи 22-юми сентябр бар тими Панама пирӯз шавад ва ҳамчунин дар дигар гурӯҳҳо ду тими дигар бо натиҷаи бадтар зинаи севумро касб кунанд.