Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тбилиси сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тбилиси сафар кард

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ва иштирок дар бозиҳои дӯстона бо тими миллии футзали Гурҷистон ба Тбилиси сафар кард.

Сармураббии даста Пайрав Воҳидов барои иштирок дар ин чорабиниҳо 15 бозигарро ҳамроҳ гирифтаст, ки 2 кас дарвозабон ва 13 нафар бозигарони майдон мебошанд. Бозиҳои дӯстона бо мунтахаби миллии футзали Гурҷистон рӯзҳои 15 ва 16 январ баргузор мешаванд. Барои мунтахаби миллии футзали Гурҷистон бозиҳои дӯстона бо тими миллии футзали кишвари мо марҳилаи ҷамъбасти омодагӣ пеш аз чемпионати футзали Аврупо-2022 маҳсуб меёбад. Дар ин мусобиқа футзалбозони гурҷӣ дар гурӯҳи «D» муқобили мунтахабҳои миллии футзали Испания, Озарбойҷон ва Босния ва Гертсеговина бозӣ хоҳанд кард.

Рақибони мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2022 дар минтақаи мутамаркази Марказӣ ва Ҷанубӣ мунтахабҳои миллии футзали Узбекистон, Афғонистон ва Непал мебошанд. Марҳилаи интихобӣ аз 12 то 14 апрел дар Бишкек баргузор мешавад.

 

Ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби миллии Гурҷистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро компания»);

Бозигарони майдон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Окжетпес», Қазоқистон), Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш-Такси»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Назари худро бинависед