Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Душанбе ҷамъомади тамринӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Душанбе ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.

Ҷамъомади дувуми тамринии ҷавонони Тоҷикистон, ки дар он 27 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар – иштирок дорад, то 19 январ идома мекунад. Даста дар реҷаи тамрини дувақта тайёрӣ дида истодааст. Дастаи ҷавонон рӯзона дар толори Академияи «Ювентус»-и Душанбе ва бегоҳӣ дар маркази варзишии «Тоҷварз» тамрин мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия хоҳад шуд.

Назари худро бинависед