Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба Арабистони Саудӣ сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои баргузории  бозиҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ, ки рӯзҳои 14 ва 16 июл баргузор мешаванд, субҳи имрӯз тариқи транзити Дубай ба шаҳри Абҳа рафт.

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев барои ин бозиҳо 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);

Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Азизбек Далиев, Бежан Нишонбойзода, Меҳроб Асоев, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо»), Азизбек Ҳаитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (КМВА), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»-и Кӯлоб);

Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Азизов («Динамо»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

 

Бозиҳои дӯстона

14 июл (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ

 

16 июл (шанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ

Назари худро бинависед