Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади тамринии моҳи декабрро анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади тамринии моҳи декабрро анҷом дод

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар шаҳри Душанбе ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимиро анҷом дод.

Дар ин ҷамъомад сармураббии дастаи ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев тамоми бозигаронеро, ки дар ихтиёри даста буданд, аз назар гузаронд. Мунтахаби ҷавонони кишвар дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии моҳи декабр бо мунтахаби олимпии Тоҷикистон (2:0, 1:1) ду бозии санҷишӣ доир кард.

Тибқи нақшаи ситоди мураббиён ҷамъомади навбатии тамринӣ дар Душанбе 6 январ доир мешавад.

Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мегардад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия дар назар аст, роҳхат мегирад.

Назари худро бинависед