Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 доир шуд

Дар идораи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 баргузор шуд.

Дар мавсими нави Суперлигаи Тоҷикистон, ки дар ду давра баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат хоҳад кард – «Соро компания», «Истиқлол», КМВА, «Сомон», «Амонатбонк», «Душанбе» (ҳама аз Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд) ва «Истаравшан» (Истаравшан).

Тибқи қуръакашӣ дар даври аввал рақобатҳо чунин сурат мегиранд:

«Сипар» 🆚 «Истиқлол»

КМВА 🆚 «Амонатбонк»

«Истаравшан» 🆚 «Сомон»

«Соро компания» 🆚 «Душанбе»

Мавсими нави чемпионат 6 май оғоз шуда, моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон бегоҳии рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе баргузор мешаванд. Ин қарор барои мухлисон ва инъикоси қулайи бозиҳо қабул карда шуд.

Мисли мавсими гузашта дастаҳо метавонанд барои иштирок дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 то чор бозигари хориҷиро ба дархости худ шомил намоянд. Ҳамзамон, тибқи қоида, дар як вақт дар майдон на беш аз се бозигари хориҷӣ ҳузур дошта метавонанд.

Назари худро бинависед