Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини натиҷаи ҳунарнамоӣ дар Ҷоми Осиё-2025-ро шарҳ дод. Дастаи мо дар Арабистони Саудӣ чор бозӣ анҷом дод. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тимҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрд. Мунтахаби наврасони кишвар дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Ҷанубӣ дар силсилаи пеналти (2:2, 3:5) шикаст хӯрд. Тими наврасони Тоҷикистон ҳамзамон роҳхати мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст овард.
Марко РАҶИНИ, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17):
– Фурсати ҷамъбаст кардани натиҷаҳо расид. Як сол мешавад, ки бо бачаҳо кор мекунам ва вақте онҳоро бори аввал ба тамрин бурдам, рости гап, онҳо ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати тактикӣ суст буданд. Футболбозон як сол пеш камбудиҳои зиёд доштанд. Ғизои нодуруст ва ҳамеша вақти барқароршавии ноқулай. Дар баробари ин мо дар ҳар як тамрин ҷиддан кор мекардем. Дар давоми ин давра ман кӯшиш кардам, ки тамоми донишу таҷрибаи худро пешниҳод намоям. То он даме, ки мо ба натиҷаҳои хуб расидем, вақти зиёд гузашт, зеро тафовут дар маданияти футболӣ наметавонад зуд ба натиҷаи хуб оварад. Кор бо наврасон вақт ва пеш аз ҳама сабру тоқатро талаб мекунад. Роҳ барои ҳама як аст. Нафароне ҳастанд, ки барои расидан ба роҳи худ вақти бештар сарф мекунад ва онҳое ҳам ҳастанд, ки тезтар роҳи дурустро меёбанд.
Вале бояд иқрор шуд, ки сифати кор пеш мерафт, зеро рӯз аз рӯз дар бозиҳои рафиқона ва дар мусобиқаҳое, ки дар он иштирок мекардем, ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам тактикӣ сайқал меёфтем. Вале, ғайр аз натиҷаҳо ман шоҳиди пешрафти инфиродӣ ва даставӣ шудам.
Мо соли гузашта дар мусобиқаи CAFA ҷои сеюмро гирифтем, гарчанде ки бешубҳа сазовори ҷойи аввал будем, аммо мутаассифона бахт ба ҷониби мо набуд. Баъдан дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат кардем ва дар онҷо футболи хуб нишон дода, бахусус дар сатҳи тактикӣ аз ҳамаи рақибонамон пеш гузаштем. Мо ба шарофати ташкили хуб ва стратегияи даставӣ дар чанд бозӣ ғолиб омадем.
Бовар дорам, ки тасмими дуруст гирифтам, ки дастаро ба Ҷоми Осиё-2025 ҳамчун як дастаи бошгоҳӣ омода кардам, на бо басомаде, ки барои тимҳои миллӣ хос аст. Мо се моҳи аввали соли 2025-ро тақрибан якҷоя гузаронида, дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ дар хориҷи кишвар ва дар Душанбе иштирок кардем. Барои ин ман ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ба лоиҳаи наврасони то 17-сола бовар дошт ва ҳама кори аз дасташ меомадаро кард, то сифатҳои ин бозингаронро зуд инкишоф диҳам, миннатдорӣ баён мекунам.
Дар мавриди Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, гуфтаниям, ки ҳамагон шоҳиди баромади зебои дастаи мо буданд. Ман фикр мекунам, ки мо бояд бо ин бачаҳо ифтихор кунем, зеро онҳо ҳамаи қувваашонро сарф карданд, то ҳадди имкон пештар равем ва танҳо зарбаҳои пеналти муқобили дастаи Кореяи Ҷанубӣ моро аз роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ, ки сазовораш будем, маҳрум кард.
Дар айни замон ҳама фикру хаёли ман ба тамоми мухлисони Тоҷикистон аст, ки бозиҳои моро тариқи телевизион пайгирӣ мекарданд. Мо паёмҳои бисёр, таманниёти нек гирифтем ва онҳоро мисли он ки дар варзишгоҳ ҳузур дошта бошанд, наздик ҳис кардем. Мо дастаҳоеро мағлуб кардем ва бо онҳое мусовӣ кардем, ки дар рейтинг аз мо хеле болотар буданд. Ман аз бачаҳоям ва корҳое, ки дар якҷоягӣ бо кормандони худ анҷом додем, фахр мекунам. Дар тӯли ин соли корӣ мо ҳамеша фазои ҷолиб доштем, ки ба мо имкон дод, ба қобилият ва рушди наврасон объективӣ баҳо диҳем.
Акнун вақти натиҷагирӣ расидааст. Шартномаи ман пас аз чанд рӯз ба охир мерасад ва пеш аз бозгашт ба Италия мо бояд ояндаро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ кунем. Умедворам, ки ман метавонам дастаро дубора роҳбарӣ кунам, бо ин бачаҳои беҳтарин кор кунам ва кӣ медонад, ки онҳо дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар чӣ сюрпризҳои гуворо оварда метавонанд. Боварӣ дорам, ки дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон ба сатҳи хеле баланд мебарояд ва бачаҳои мо боз моро ба ҳайрат меоранд.