Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» бо иштироки КМВА дар Душанбе мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» бо иштироки КМВА дар Душанбе мегузарад

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки дар онҳо бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 ба таври мутамарказ баргузор мешаванд, тасдиқ кард.

Бозиҳои Ҷоми КФО-2022 бо иштироки КМВА (Клуби марказии варзишии артиш), ҷоизадори биринҷии чемпионати Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Санаи баргузории бозиҳо аз 24-ум то 30-юми июн нақшагузорӣ шудааст.

Рақибони КМВА-и Душанбе дар гурӯҳи «Е» бошгоҳҳои «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) мебошанд.

Витсе-чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми миллӣ – «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бо дастаҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдоғ” (Туркманистон) рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 24-ум то 30-юми июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоханд шуд.

Ёдрас мешавем, ки агар дастаи «Насаф»-и Қаршӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 роҳ ёбад, барандаи медали нуқраи чемпионати Узбекистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах – дар Ҷоми КФО-2022 иштирок мекунад. Агар «Насаф» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо роҳ наёбад, он гоҳ иштироки худро дар Ҷоми КФО-2022 давом медиҳад.

 

Ҷоми КФО-2022

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдоғ» (Туркманистон).

Назари худро бинависед