Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: ҷуфтҳои чорякниҳоӣ маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020: ҷуфтҳои чорякниҳоӣ маълум шуданд

Рӯзи якшанбеи 6 сентябр, ду бозии боқимондаи даври ҷамъбастии қисми якуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон доир шуд.

“Муҳоҷир”-и Душанбе дар бозии хонагии худ бо щисоби бузурги 11 бар 1 «Самандар»-и турсунзодаро шикаст дод. Дар ҳайати ғолибон Самандар Ризомов ба задани панҷ гол муваффақ шуд.

Дар бозии дигар чемпиони феълии футзали Тоҷикистон «Соро компания»-и душанбе дар сафар бар «Истаравшан» бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯзӣ ёфт. Дар ин бозӣ ду голи “Соро компания”-ро Насим Шарипов ва як голиро Идрис Ёров ва Муҳаммад Раҷабов заданд.

Бозии ҷамъбастии даври охирони қисми якуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 8 сентябр баргузор мешавад ва дар он ғолиби қисми якуми мусобиқа дастаи футзали “Сипар”-и Хуҷанд дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад.

Ба ин тартиб, «Сипар» ва «Соро компания» ба бозиҳои ниманиҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳ ёфта, интизори ҳарифони худ ҳастанд.

Ду ҷуфти чорякниҳоии мусобиқаро дастаҳои «Муҳоҷир» – «Самандар» ва «Истаравшан» – «Равшан» ташкил медиҳанд. Бозиҳои 1/4 финалӣ аз силсилаи то ду ғалаба иборат буда, баъди анҷоми мусобиқа барои Ҷоми футзали Тоҷикистон баргузор мешаванд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 10-ум

«Муҳоҷир» – «Самандар» – 11:1

Голҳо: Самандар Ризомов, 8 (1:0). Акбар Маманазаров, 18 (1:1). Самандар Ризомов, 19 (2:1). Хайём Дарвешов, 23 (3:1). Самандар Ризомов, 24 (4:1). Беҳрӯз Алимаҳмадов, 28 (5:1). Нуриддин Маҷидов, 29 (6:1). Самандар Ризомов, 32 (7:1). Самандар Ризомов, 34 (8:1). Беҳрӯз Алимаҳмадов, 35 (9:1). Муҳаммадҷони Асламхон, 37 (10:1). Хайём Дарвешов, 39 (11:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Муродҷон Муродов («Муҳоҷир»).

6 сентябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

«Истаравшан» – «Соро компания» – 2:4

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 2 (0:1). Насим Шарипов, 4 (1:1). Ҳусейн Расулов, 8 (2:1). Идрис Ёров, 13 (2:2). Муҳаммад Раҷабов, 25 (2:3). Насим Шарипов, 34 (2:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Муҳаммад Раҷабов («Соро компания»).

6 сентябр. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон».

 

8 сентябр (сешанбе)

16:00 – «Сипар» – «Равшан». Хуҷанд, Маҳмааи варзишии «Қасри Варзиш»

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд) 9 8 1 0 68-22 25
2 «Соро компания» (Душанбе) 10 8 1 1 82-17 25
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 10 5 0 5 57-51 15
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 10 4 0 6 66-72 12
5 «Равшан» (Кӯлоб) 9 2 0 7 42-79 6
6 «Самандар» (Турсунзода) 10 1 0 9 37-111 3

 

Нишонзанҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 21 гол, Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 20 гол, Иқбол Воситзода («Сипар») – 14 гол, Фаридун Расулов («Истаравшан»), Собирҷон Гуляков («Сипар») – 13 голӣ, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Раҷабов (ҳарду «Соро компания») – 11 гол.

 

Дар бозиҳои 1/4 финалӣ вомехӯранд:

«Муҳоҷир» – «Самандар»

«Истаравшан» – «Равшан»

Назари худро бинависед