Лигаи футболи бонувон: “Хатлон” – ғолиби қисми якуми мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи бонувон: “Хатлон” – ғолиби қисми якуми мусобиқа

Қисмати аввали бозиҳои лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.  Дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо касби 25 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Футболбоздухтарони Бохтар аз нӯҳ бозӣ дар ҳашттоаш пирӯз шуда, ҳамагӣ як бозиро мусовӣ анҷом карданд.

Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе бо касби 24 имтиёз дар мақоми дувум ва тими «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ бо касби 22 имтиёз дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа Мадина Фозилова («Зебонисо») ва Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки 33-тӯбӣ задаанд, мақоми аввалро касб намуданд.

Давраи дувуми Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 12-уми август, шуруъ мешавад.

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 9 8 1 0 63-5 25
2 «Зебонисо» (Душанбе) 9 8 0 1 84-2 24
3 «Зебо» (Дӯстӣ) 9 7 1 1 51-8 22
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 5 1 3 40-9 16
5 «Бешкент» (Носири Хусрав) 9 5 1 3 36-10 16
6 «Барқ» (Норак) 9 3 1 5 7-46 10
7 «Ҳосилот» (Фархор) 9 2 1 6 5-42 7
8 «Чашма» (Шаҳритус) 9 2 0 7 8-62 6
9 «Равшан» (Кӯлоб) 9 1 0 8 1-44 3
10 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 9 0 2 7 5-72 2

 

Нишонзанҳо: Мадина Фозилова («Зебонисо»), Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 33-тӯбӣ, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 26 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 23 тӯб, Шукронаи Ҷумъахон («Зебонисо») – 12 тӯб.

 

Даври 10-ум

12 август (чоршанбе)

«Хатлон» – «Равшан»

«Регар-ТадАЗ» – «Барқ»

«Панҷшер» – «Зебо»

«Бешкент» – «Чашма»

«Зебонисо» – «Ҳосилот»

Назари худро бинависед