Лигаи футболи Тоҷикистон барои беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон ҷоизаи ҳармоҳа муқаррар намуд.
Ҳар моҳро ҳайати доварони салоҳиятдор натиҷагирӣ намуда, беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббиро муайян менамоянд. Моҳи июл дар Лигаи якуми Тоҷикистон шаш даври бозиҳо ва инчунин бозиҳои даври интихобӣ ва 1/8 финали Ҷоми кишвар баргузор шуданд. Тибқи натоиҷи моҳи гузашта нимҳимоятгари “Равшан” -и Кӯлоб Амирҷони Фаррухзод беҳтарин бозингар дониста шуд. Амрҷони Фаррухзод дар давоми ин моҳ ба задани шаш гол ба дарвозаи рақибон муваффақ шуд.
Сармураббии “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов беҳтарин мураббии моҳи июл дар лигаи якуми Тоҷикистон дониста шуд. Зери роҳбарии ӯ даста дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои якум қарор дошта, инчунин ба бозиҳои марҳилаи чорякфиналии Ҷоми миллӣ роҳ ёфт.
Лигаи футболи Тоҷикистон ҷоизаҳои пулиро ба соҳибонашон дар бозии даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки рӯзи 7 август дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор баргузор мешавад, тақдим хоҳад намуд.