Конфедератсияи футболи Осиё барои пешбурди футболи оммавӣ саъю кӯшиш менамояд. Оинномаи футболи оммавии КФО – намунаи таҷрибаҳои беҳтарин дар соли 2022 («Оинномаи футболи оммавӣ») нашр шуд ва ҳоло дар сомонаи расмии КФО дастрас аст (формати китоби электронӣ).
Боиси хушнудист, ки дар он лоиҳаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар қатори беҳтарин лоиҳаҳои оммавии Конфедератсияи футболи Осиё ҳамчун мусобиқаҳои намунавӣ дар қитъаи Осиё шомил гардидааст.
Мавсими ҳаштуми лоиҳаи «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» соли гузашта беш аз 18 ҳазор кӯдакону наврасонро аз тамоми манотиқи Тоҷикистон фаро гирифт.
«Футбол ба назди шумо меояд» бо дастгирии оператори пешбари инноватсионии кишвар Tcell баргузор мегардад. Имсол лоиҳа аз ду марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал шумораи номаҳдуди дастаҳо иштирок мекунанд. 16 дастаи беҳтарин дар чаҳор синну сол ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Фестивалҳои аввал дар даҳ шаҳру ноҳияҳои кишвар – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ваҳдат, Ашт, Ёвон, Восеъ ва Шаҳринав баргузор мешаванд.