Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо тими миллии Покистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо тими миллии Покистон бозӣ мекунад

Имрӯз, 11-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро бо тими миллии Покистон баргузор мекунад.

Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Мо аз тамоми мухлисон даъват ба амал меорем, ки ба варзишгоҳ омада, дар ин бозӣ тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд. Даста ба дастгирии шумо ниёз дорад!

Назари худро бинависед