Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи чемпионати CAFA-2024 бо тими Қирғизистон вомехӯрад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи чемпионати CAFA-2024 бо тими Қирғизистон вомехӯрад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) имрӯз, 9-уми июл дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Ҷалолобод ҷараён дорад, бозии дуюми худро анҷом медиҳад.

Дар даври ниҳоии гурӯҳи «А» мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон вомехӯрад. Ин дидор дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и Ҷалолобод баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаи ТВ «Футбол» ба роҳ мемонад.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «А». Даври 3

📅 9 июл | сешанбе

️ Бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад

🇰🇬 Қирғизистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»

Назари худро бинависед