Духтури мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон Гуландом Халилова ба ҳайси корманди тиббии КФО дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз 10 то 12 апрел дар Бишкек баргузор мешавад, фаъолият мекунад.
Дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ 8 даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив шомиланд. Дар чаҳоргонаи «В» дастаҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал бозӣ мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбад.
Қобили зикр аст, ки Гуландом Халилова дар гузашта дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО, инчунин дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби бонувон ба ҳайси корманди тиббии Конфедератсияи футболи Осиё кор кардааст.