Гела Шекиладзе натиҷаи бозӣ бо Тимори Шарқиро шарҳ дод – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе натиҷаи бозӣ бо Тимори Шарқиро шарҳ дод

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе натиҷаи бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А»-ро бо яккачини Тимори Шарқӣ (1:0), ки рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, шарҳ дод.

 

Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: 

– Ба мухлисон барои дастгирӣ дар варзишгоҳ ташаккур мегӯям. Ман аз баромади даста қаноатманд нестам. Бозии ҳассос буд. Ягона чизе, ки маро дар рақобат бо Тимори Шарқӣ шод кард, он аст, ки дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё соҳиби се хол шудем. Агар гол сар медодем, он вақт дигар ғолиб шуда наметавонистем. Тимори Шарқӣ дастаи қавӣ нест, аммо бояд ҳамеша рақибро эҳтиром кард. Бояд аз имкониятҳои худ истифода бурд. Агар мо бо дигар тим ҳамингуна бозӣ мекардем, он даста моро барои чунин хатоҳо ҷазо медод.

Пас аз бохти калон аз мунтахаби Беларус футболбозон аз ҷиҳати равонӣ фишор доштанд. Вақте омода нестӣ, ки 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кунӣ, душвор хоҳад буд. Дар вохӯрӣ бо Тимори Шарқӣ ба бисёр хатоҳои кӯдакона роҳ додем.

Чаҳор сол боз бо тими миллии Тоҷикистон кор мекунам ва бозиҳои моҳи март барои мо ҳамеша душвор аст. Футболбозон дар ҳолати оптималӣ нестанд ва илова бар ин, на ҳама легионерҳо дар дастаҳои худ бозӣ мекунанд. Таъсири ман дар бошгоҳҳо камтар аст, аз ин рӯ, бозигарони тими миллӣ бояд барои ҷойи худ мубориза баранд. Умедворам, ки онҳо кӯшиш мекунанд, дар тамринҳо тамоми қувваи худро сарф мекунанд, то на танҳо 20 дақиқа, балки ҳадди аққал 70 дақиқа бозӣ кунанд.

Умедворам, ки дар бозиҳои навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё мо имкони бештари омода кардани дастаро пайдо мекунем ва бозигарон ба нерӯсанҷиҳо ҷиддӣ муносибат мекунанд. Ба ҷамъомади навбатии таълимию тамринӣ дар моҳи июн он бозигаронеро даъват мекунам, ки омодаанд ба тими миллӣ дохил шаванд, зеро Филиппин рақиби ҷиддӣ аст.

Назари худро бинависед