Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе интизориҳои худро аз бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 21-уми март дар шаҳри Риёз баргузор мешавад, баён намуд.

 

Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон: 

– Рақобат бо тими миллии Арабистони Саудӣ аввалин бозии ман ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистон аст. Мехоҳам ба Петр Сегрт, ки ду соли охир дар тими миллии Тоҷикистон кори бузургеро анҷом дод ва мо якҷоя дар Ҷоми Осиё-2023 ба натиҷаи таърихӣ ноил гардидем, ташаккур гӯям. Аммо Ҷоми Осиё аллакай пушти сар шуд, акнун мо бояд ба бозиҳои боқимондаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 тамаркуз кунем. Пеш аз вохӯрӣ бо Арабистони Саудӣ даҳ рӯз омодагӣ дидем. Дар Қатар ҷамъомади таълимии пурсамар доштем. Ҳама бачаҳо аллакай ба даста пайвастанд. Арабистони Саудӣ тими пурқувват аст. Мо бозиҳои рақибро ҳам дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ва ҳам дар Ҷоми Осиё-2023 тамошо кардем. Тими миллии Арабистони Саудӣ бозигарони ҳирфаии зиёд дорад ва моро бозии душвор интизор аст. Мо омодаем. Умедворем, ки инҷо ба натиҷаи хуб ноил мегардем.

Назари худро бинависед