Гела Шекиладзе: «Мо бояд боварии мухлисонро баргардонем» – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе: «Мо бояд боварии мухлисонро баргардонем»

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе аз мухлисон хост, ки дар рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд. 11-уми июн мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Покистонро анҷом медиҳад.

 

Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон: 

– Дар футбол пастиву баландӣ ҳаст. Ҳамаи мо аз натиҷаи дар Урдун рӯйдода ғамгинем.  Бозигарон дарк мекарданд, ки мо бо кӣ бозӣ мекунем ва ин бозӣ чӣ аҳамият дорад. Афсӯс, ки аз имкониятҳои доштаамон истифода бурда наметавонем. Дар ҳар рақобат лаҳзаҳои зиёди голзанӣ дорем, вале ҳадди ақали онро истифода мекунем. Ҳоло ҳама диққатамон ба вохӯрӣ муқобили Покистон равона шудааст. Мо ба майдон мебароем, то бозии зебо нишон диҳем, ғалаба ба даст орем ва марҳилаи интихобиро сазовор ба анҷом расонем. Дастаи мо бояд боварии мухлисонро дубора ба даст орад. Ва аз мухлисон хоҳиш мекунам, ки дар лаҳзаҳои душвор тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд.

Назари худро бинависед