Гела Шекиладзе: «King’s Cup-2024» пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мусобиқаи муфид аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Гела Шекиладзе: «King’s Cup-2024» пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мусобиқаи муфид аст»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар бораи аҳамияти ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup-2024», ки аз 11 то 14 октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, ибрози назар кард.

 

Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:

– Роҳ ба Сонгкхла дароз буд. Мо тавассути Дубай ва Бангкок инҷо расидем. Аммо Федератсияи футболи Тоҷикистон барои даста шароити хуб фароҳам овардааст. Мо дар Бангкок як маротиба машқ кардем. Дар инҷо ҳам ду машғулияти дигар гузаронида шуд. Имрӯз охирин тамрини пеш аз бозӣ бо Сурия баргузор мешавад. Ба дастаи мо муяссар шуд, ки ба иқлими маҳал мутобиқ шавад. Фазои даста хеле хуб аст, бачаҳо ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд.

Мусобиқаи «King’s Cup-2024» барои ҳамаи дастаҳое, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ширкат мекунанд, хеле муфид аст. Ҳамеша дастаҳои хуб дар ин муосбиқа ширкат менамоянд. Тоҷикистон, Сурия ва Тайланд се мунтахабе ҳастанд, ки қабл аз қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар сабади аввал қарор мегиранд ва дар як гурӯҳ бо ҳам бозӣ намекунанд. Аз ин рӯ, ҳамаи рақобатҳо хеле муфид ва саривақтӣ хоҳанд буд.

Ду сол пеш мо аллакай дар мусобиқаи «King’s Cup» ғолиб шуда будем ва ман дар ҳақиқат мехоҳам ин дастовардро такрор кунам. Дар муқоиса бо мусобиқаи ду соли пеш, мо ба Тайланд бисёр бозигарони ҷавон овардаем, ки соли оянда дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) ширкат меварзанд.

Назари худро бинависед