Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Huawei» ҳамкориҳои зичи худро идома хоҳанд дод.
Имрӯз, 27 декабр дар дафтари ФФТ мулоқоти роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Huawei» баргузор шуд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои самимию дӯстона гузашт, тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро муфассал муҳокима намуданд.
Дар чаҳорчӯби барномаи шарикӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Huawei» тасмим гирифтаанд, ки чорабиниҳои муштараки дар соҳаи иҷтимоӣ доир кунанд.