Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Имрӯз, 22 июл Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон» созишномаи ҳамкорӣ бастанд.

Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордодро дабири кулл Фурқат Аҳмедҷонов ва аз ҷониби шарикон директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Далер Наимов имзо карданд.

Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ШНТМ Далер Наимов изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мисли пештара пурсамар ва муваффақ хоҳанд буд.

Дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов пас аз имзои қарордод ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори сипос намуд.

 

Назари худро бинависед